Ё чӣ тавр Муҳаммадҷон Шакурӣ аз ҳабс эмин монд?

Имрӯз барои коре ба Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакӣ сар задам ва чун одат нахуст ба зиёрати устод Абдухолиқи Набавӣ рафтам. Дар ҳуҷраи устод Набавӣ устод Абдунабӣ Сатторзода, Мубашшири Акбарзод, Умриддин Юсуфӣ (Нӯшин) ва Бузургмеҳри Баҳодур чой менӯшиданд. Ман ҳам ба ин ҳалқа пайвастам.

Зимни суҳбат чашмам ба китобе афтод. Онро варақ задам. Маълум шуд, ки он китоб набуда рисоли номзадии адабиётшиноси бузурги тоҷик Муҳаммадҷон Шакурии Бухороӣ аст, ки соли 1952 таълифаш ба охир расида барои дифо пешниҳод шудааст. Рисола “Аҷзӣ ва эҷодиёти адабии ӯ” ном дошта, 430 саҳифаи мошиннавис аст. Чунин рисолаи бузургҳаҷм навиштан дар он замон хос набуд, вале устод Шакурӣ аз ибтидо олими истисноӣ буданд, бинобар ин, рисолаи номзадиашон беш аз 400 сафҳа аст. Вале ин рисола дифо нашудаву ҳатто шакли комили он то ба имрӯз нашр нашудааст. Рисола сарнавишти аҷибе дорад, ки онро аз забони устод Шакурӣ меорам.

Сиддиқии Аҷзӣ (1865-1927), шоир, публитсист ва маорифпарвари тоҷик

Устод Шакурӣ сарнавишти рисолаи хешро чунин ба қалам додаанд:

“Солҳои 1948-1951 дар аспирантураи ин институт (Институти педогогии Тоҷикистон — О.Н) таҳсил доштам. Устоди ман дар аспирантура Холиқи Мирзозода буданд. Бо тавсияи эшон дар давраи аспирантура «Эҷодиёти Сиддиқии Аҷзӣ (1865-1927)» мавзўъи таҳқиқоти ман шуд. Чанде дар бойгонӣ ва китобхонаҳои Душанбе, Самарқанд, Тошканд ва Маскав ҷусторҳо карда, рисолаи дифоъӣ (диссертатсия) навиштам. Рисоларо аз кафедра гузаронида, фишурдаи он – авторефератро ба русӣ тарҷума кунонида, ба ҳимоя омода шуда будам, ки домулло Абдулғанӣ Мирзоев иддао карданд, ки Аҷзиро на равшангару маорифпарвар, балки аз ҷадидон ва миллатгароёни буржуазӣ бояд донист. Бобоҷон Ғафуров дар оғоз ба дастгирии банда бархост, лекин пас ба назари Абдулғанӣ Мирзоев розӣ шуд. Дар натиҷа Кумитаи Марказии Ҳизби коммунистии Тоҷикистон 29 декабри соли 1952 дар бошишгоҳи Раёсати Фарҳангистони улуми Тоҷикистон (ҳозира бинои Пажўҳишгоҳи забону адабиёти Рўдакӣ) аҳли илму адабро гирд оварда, масъалаи Аҷзиро баррасӣ кард. Баррасӣ аз соати 7-и бегоҳ то 3-и саҳар идома дошт. Мубоҳисаи тўлонӣ шуд, вале ба ҷуз банда, Алоуддин Баҳоуддинови фалсафӣ ва Холиқи Мирзозодаи адабиётшинос, ки раҳбари илмии банда буд, касе ҷуръат накард, ки хилофи фикри котиби Кумитаи Марказии ҳизб Алиқул Имомов, ки раиси он маҷлис буд, чизе бигўяд. Оқибат маҷлис тасмим гирифт, Аҷзиро шоири иртиҷоъӣ ба шумор бояд овард. Бо ин қарор рисолаи ман рад шуд ва заҳмати сесолаам сўхт. Хавфе пеш омад, ки Холиқи Мирзозода ва маро низ миллатгаро бигўянд, аммо ба овози баланд нагуфтанд ва ман ошкоро таъқиб надидам. Агар дар дигар ҷумҳурии шўравӣ мебудем, Х. Мирзозода ва маро ҳабс мекарданд. Бобоҷон Ғафуров нагузошт, ки дар Тоҷикистон бо чунин айбҳо зиёъиёнро ба ҳабс бигиранд.

Он солҳо Тоҷикистон ба ҷуз устод Айнӣ се адабиётшинос дошт: яке Абдулғанӣ Мирзоев, дигаре Холиқи Мирзозода ва севумӣ Шарифҷони Ҳусайнзода. (Ҳамчунин, дар ин давра ду нафари дигар номзади илми суханшиносӣ буданд: Юрий Бобоев ва Соҳиб Табаров — О.Н.) Хости замон ин буд, ки онҳо чун ҳама нависандагон, устодони донишгоҳҳо ва дигар кормандони соҳаи идеология аз якдигар айби сиёсӣ биҷўянд ва айби якдигар бигўянд. Замон ҳамаро бо ҳам ба талош андохта буд. Ҳама аз зери нохуни якдигар чирк мекофтанд. Аз рақобати илмиву эҷодгарӣ асаре наменамуд, танҳо айбҷўии сиёсӣ дар миён буду бас. Муноқишае, ки дар сари осори Аҷзӣ бархост, низ дар асл як падидаи рақобати он се адабиётшинос буд, вале чўб бар сари мани ҷавони навқадам шикаст.

Мусаввада, саҳифаи аввал ва мундариҷаи рисолаи Муҳаммадҷони Шакурии Бухороӣ «Сиддиқии Аҷзӣ ва эҷодиёти адабии ӯ», соли 1952

Ҳамин тавр банда нокому ночор мондам. Хушбахтона, зуд ба худ омадам ва соли 1953 мавзўи илмии дигаре гирифтам, ки «Хусусиятҳои ғоявиву бадеъии «Ёддоштҳо»-и Айнӣ (қисми 1 ва 2)» ном дошт. Маслиҳати устодон ин шуд, ки барои анҷом додани ин мавзўъ ба Маскав биравам ва он ҷо ба осудагӣ кор бикунам. Ҳамшаҳрии ман Иброҳимҷон Раҳматов, ки сармуҳаррири нашриёти давлатии Тоҷикистон буд, тарҷумаи китоби Павел Лукнитский «Тоҷикистон»-ро ба ман супурд. Банда ин корро зуд анҷом дода, ҳаққи қаламро қисман ба аҳли хонаводаи худ – ҳамсарам ва ду писарам гузошта ва қисман бо худ гирифта, аввалҳои соли 1954 Маскав рафтам.

Дар Маскав, дар Пажўҳишгоҳи шарқшиносии Фарҳангистони улуми Иттиҳоди Шўравӣ як сол истодам. Ва бо раҳнамоии устодам профессор Иосиф Самуйлович Брагинский тахминан дар ҳафт моҳ таълифи рисолаи дифоъиро анҷом додам. То мошиннавис шудани рисола ва аз баррасии пажўҳишгоҳи ховаршиносӣ гузаштани он бо чанд кори дигар машғул шудам, чунончи фишурдаи рисолаи доктории И.С.Брагинскийро барои маҷаллаи «Шарқи сурх» тарҷума кардам, тарҷумаи романи И.С.Тургенев «Рудин»-ро ба охир расонидам ва ҳаққи қалам, ки аз ин тарҷума гирифтам, барои хонаводаи мо мадади маош шуд.

Мунтаҳо 28 феврали соли 1958 дар ҳамон пажўҳишгоҳи Маскав рисоларо ба дифоъ гузоштам ва унвони номзади илми суханшиносӣ дарёфт намудам”.

Ҳамин тавр, ин рисола нашр нашуда монд. Як пораи онро устод Муҳаммадҷон Шакурӣ дар китоби “Нигоҳе ба адабиёти садаи 20” ҷой кардаанд.  

Бандубасти рисоли “Аҷзӣ ва эҷодиёти адабии ӯ” чунин аст.

I. Муқаддима.

II. Замони Аҷзӣ

а) Ҳаёти иҷтимоӣ-сиёсӣ дар ибтидои асри ХХ

б) Ҳаёти дабаӣ

III. Тарҷумаи ҳоли Аҷзӣ

IV. Эҷодиёти Аҷзӣ

  1. Мероси адабӣ
  2. Давраҳои эҷодиёти Аҷзӣ
  3. Тасвири аҳволи халқу мамлакат дар эҷодиёти Аҷзӣ
  4. Танқиди ҳукуматдорон ва синфҳои истисморкунанда
  5. Ақидаҳои маорифпарварӣ
  6. Инъикоси муборизаи озодихоҳонаи халқҳои Балкан бар зидди Туркия
  7. Эҷодиёти давраи советӣ
  8. Баъзе хусусиятҳои услуб маҳорат ва забони асарҳои Аҷзӣ

Хулосаҳо

Иловаҳо

Рӯйхати манбаъҳо ва асарҳое, ки аз тарафи муаллиф истифода бурда шудаанд

Рисолаи мазкур тавре аз бобу фаслҳояш бармеояд, хеле фарогир аст ва тамоми паҳлӯҳои ҳаёт ва эҷодиёти Аҷзиро фаро мегирад. Муаллиф барои таълифи ин рисола бо нафароне, ки бевосита Аҷзиро мешинохтанд, аз ҷумла устод Садриддин Айнӣ, Раҳим Ҳошим ва дигарон суҳбатҳо карда, дар китобхонаҳои Тошканду Маскав ковишҳои зиёде анҷом додааст. (Зимни ковишҳо дар Китобхонаи институти Шарқшиносии Ӯзбекистон бори аввал аз ҷониби академик Александр Семёнов акси падараш Садри Зиё ба дасти Шакурӣ меафтад, ки онро нусха карда мегирад.) Вале сиёсати замон сабаб шуд, ки меҳнати устод бар ҳадар рафт.

Абдухолиқи Набавӣ, адабиётшинос ва мунаққид.

Рисолаи мазкурро қабл аз маргашон устод Муҳаммадҷон Шакурии Бухороӣ ба шогирдашон Абдухолиқи Набавӣ ба мерос гузоштанд. Феълан, устод Абдухолиқи Набавӣ ин рисоларо ба чоп омода кардаанд ва қарор аст ба наздикӣ ба дасти хонандагон бирасад.

Солҳои охир таваҷҷуҳ ба эҷодиёти Сиддиқии Аҷзӣ аз нав зиёд шуд. Дар Тоҷикистону Ӯзбекистон дар бораи ин шахсияти мунири илму адаб мақолаҳо нашр гардиданд. Соли гузашта бо кӯшиши профессор Аъзам Худойдодов “Зубдаи ашъор”-и Аҷзӣ, ки солҳо қабл Холиқ Мирзозода ба нашр омода карда буданд, чоп шуд. Нашри рисолаи устод Муҳаммадҷон Шакурӣ аз як тараф ба бисёр масъалаҳои норӯшани адабиётшиносӣ равшанӣ андозад аз ҷониби дигар бо гузашти 70 сол адолати таърихӣ барқарор мешавад…

Одил Нозир

Ҳафтаномаи «Самак» №4, 2 феврали соли 2022