Пири равшанзамир Асад Гулзодаи Бухороиро чанори танҳо дарёфтам дар дили Бухорои Шариф. Зеро дар шаҳре, ки шеъри форсии тоҷикӣ тавлид шудаву садҳо суханварро дар оғӯши худ парварда, шукуҳи дури дариро шуҳраи олам кардааст, имрӯз тани танҳо машъалдор аст. Феълан, дар Бухорое, ки сад сол қабл дар ҳар гузараш як маҳфили адабӣ дар ҷӯш буд, фақат дар кулбаи ӯ шеъри тоҷикӣ садо медиҳад. Ӯ фурӯзон нигоҳ доштани шамъеро, ки Рӯдакии Панҷрӯдӣ ба номи Оли Сомон равшан карда буд, рисолати хеш медонад.

Асад Гулзода (тав. 5.01.1935) зодаи Бухорову парвардаи Душанбе аст. Соли 1954 баъди хатми мактаби миёнаи зодгоҳаш деҳаи зебоманзари Шавгони ноҳияи Пешкӯи вилояти Бухоро ба факултаи забон ва адабиёти тоҷики Институти педагогии Душанбе дохил шуда, аз устодони номваре чун Носирҷон Маъсумиву Холиқ Мирзозода таълим гирифта ба зодгоҳаш баргашт. Солҳо муаллимӣ карду директори мактаб низ буд, вале замони кор дар радиои вилоят ба сифати эҷодкор ва як шахси соҳибрисолат ба камол расида, миёни мардум эътироф гардид.

Соли 1967 дар радиои вилояти Бухоро бахши тоҷикӣ ба фаъолият оғоз кард, вале барои омода кардани барномаҳои тоҷикӣ мутахассис набуд. Бо пофишории мухбири рӯзномаи “Ҳақиқати Ӯзбекистон” Маҳмудҷон Қосимов, ки муваққатан барномаҳои бахши тоҷикиро таҳия мекард, Асад Гулзода маснади директориро раҳо карда, ба кори радио гузашт.

“Касби журналистӣ барои ман нав набуд, зеро аз даврони донишҷӯйӣ, хабару мақола ва шеъру ҳикояҳоям пайваста дар саҳифаи маҷаллаву рӯзномаҳо нашр мешуданд, вале вақте бевосита ба ин пеша машғул шудам, дарк кардам, ки он чӣ қадар душвор, вале дар баробари ин пурифтихор аст.”-мегӯяд, Асад Гулзода. Ифтихори ӯ аз касби журналистӣ хизмати содиқона ба миллаташ аст. Зеро номбурда, аз рӯзҳои аввали фаъолият дар радио, инак, беш аз 50-сол аст, ки мубаллиғи забону адабиёт ва фарҳанги тоҷик дар Бухоро аст. Бо таҳияи барномаҳои рангин, радиожурнали ҳаҷвии “Хоҷа Насриддин дар Бухоро” ва тарғиби эҷодиёти адибони классику муосир, ва пахши мусиқии тоҷикӣ холигоҳи маънавии тоҷикони Бухороро пур мекард. Ҳузури адибони тоҷик Ҷалол Икромӣ, Фазлиддин Муҳаммадиев, Лоиқ Шералӣ, Бозор Собир, Гулрухсор, Камол Насрулло, Ӯрин Кӯҳзод ва диг. барномаҳои ӯро пурбору муассир ва хотирмон мекарданд.

Аз солҳои 80-ум ба ин ҷониб Асад Гулзода ба хизмати адабиёт камар баст. Аввал, барои кӯдакон шеър мегуфт ва дар Тоҷикистону Ӯзбекистон ба сифати шоири бачаҳо шинохта шуд. Шеъри бачагонаи Асад Гулзода ба мисли худаш мулоим, самимӣ, заминӣ, сода ва дилнишин аст. Зуд ба ёди кӯдак мемонад ва барои ғановати дунёи маънавиаш хизмат мекунад. Албатта, ашъори барои калонсолон навиштаи Асад Гулзода низ ҷолиб ҳастанд. Ӯ дар ашъори хеш ишқи пок ва муҳаббати беолоишро ба ёру диёр, ба гузаштаи пурифтихор, ба таърихи ғании миллати тоҷик талқин мекунад.

Бештари шеърҳои Асад Гулзода дар васфи Бухоро буда, дар онҳо таърихи пурифтихори ин шаҳри қадим дарҷ гардидааст. Вақте “Бухоронома”-ҳои ин фарзанди барӯманд ва ошиқи содиқи Бухороро мутолиа мекунед, шукуҳу шаҳомати ин шаҳри азим ва барои миллати тоҷик муҳим пеши назар ҷилвагар мешавад. Кас, ҳатто нафаре, ки боре Бухороро надидааст, ошиқи шайдои ин гаҳвораи тамаддуни миллати тоҷик хоҳад шуд.

Бемуҳобот, Асад Гулзодаи Бухороӣ шоири машҳур аст. Ашъори ӯ 50 сол аст, ки тариқи рӯзномаву маҷаллаҳо, маҷмӯаҳои дастҷамъӣ ва китобҳои “Насими Бухоро”, “Хати пешона”, “Шукуфаҳои Бухоро”, “Намози рӯи барг” “Нафаси баҳор” ва ғ. ба дасти хонанда расиданд. Куллиёти ашъораш дар 4 ҷилд таҳияву дар Тошканд ба табъ расидааст.

Дар Тоҷикистон солҳои охир шеърҳои Асад Гулзодаи Бухороӣ ба воситаи мубаллиғони ростони адабиёт Исмоил Зарифӣ ва Иброҳими Наққош тарғиб мешавад. Нашри китоби “Паёме аз Бухоро“ низ натиҷаи заҳмату талоши эшон аст. Умед аст, ки ин китоб ба дасти ошиқони адабиёт ва шефтагони Бухорои Шариф хоҳад расид ва солиёни зиёд ҳамрозашон хоҳад буд.

Одил Нозир

Охирсухани китоби Асад Гулзодаи Бухороӣ “Паёме аз Бухоро” – Душанбе: “Эр-Граф”, 2022. – 504 саҳ.

Одил Нозир ҳангоми суҳбат бо Асад Гулзодаи Бухороӣ. 15 майи соли 2022, Чойхонаи «Роҳат», ш. Душанбе

ТАЪРИХЧАИ НАШРИ “ПАЁМЕ АЗ БУХОРО”

Моҳи майи соли 2022 Асад Гулзодаи Бухороӣ ҳамроҳи фарзандашон барои ширкат дар тӯйи яке аз хешовандонашон ба Душанбе омада буданд. 15 май чунин иттифоқ афтод, ки зодрӯзи устод Исмоил Зарифиро дар чойхонаи “Роҳат” якҷо ҷашн гирифтем. 16-ум таҷлили зодрӯз дар водии Ҳисор идома меёбад, ки ман набудам…

Хулоса, рӯзи 15-ум бо устод Асад Гулзодаи Бухороӣ суҳбати гарм доштем. Дар бораи эҷодиёти худашон, вазъи забони тоҷикӣ дар Бухоро, доир ба мактабҳои тоҷикӣ дар ин шаҳр ва матбуоту радиову телевизион суҳбат кардем. Суҳбати мо, рости гап хеле ғамангез буд. Устод дар охири суҳбат гуфтанд: Ман 2 сол баъд 90-сола мешавам, вале то мактаби тоҷикӣ дар Бухоро кушода нашавад ором нахоҳам буд ва аз мубориза даст намекашам!

Дар ҳамин суҳбат устод Асад Гулзода гуфтанд: “Ман ҳайрон шудам, ки дар Тоҷикистон маро қариб ҳама мешиносанд. Дар Донишгоҳи миллӣ маҳфиле бо ширкати банда баргузор шуд. Бисёр ҷавонон шеърҳои маро аз интернет хондаву аз ёд медонанд. Вале бисёриҳо китоб мепурсанд, ки афсӯс ҳамроҳам наовардам. Барои мани мӯйсафед кашола кардани китоб аз Ӯзбекистон ба Тоҷикистон душвор аст…”

Ҳамин ҷо ман идея додам, ки китобашонро дар Душанбе нашр кунем. Ҳамин тавр, бо талошҳои устод Исмоил Зарифӣ, Иброҳими Наққош мунтахабаи ашъори Асад Гулзодаи Бухороӣ “Паёме аз Бухоро” омода шуд. Сарсухани китобро доктор Ҷаъфар Муҳаммади Тирмизӣ навиштанд. Банда ҳам як охирсухани кӯтоҳ навиштаму Афсари Сармад қабл аз нашр китобро хонданд. Ва ин китоб дар нашриёти “Эр-граф” бо сифати олӣ ва теъдоди 200 нусха нашр шуд.